Май 21, 2019 09:55 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 201 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, таи 4 моҳи имсол

Дар Тоҷикистон таи 4 моҳи нахусти соли равон наздик ба 2 миллиард сомонӣ (беш аз 201 миллион доллар) маҳсулоти кишоварзӣ тавлид шуддаст.

Ба нақл аз хабаргузории Тоҷик-Та, ин мизон маҳсулоти кишоварзии тавлидшуда дар Тоҷикистон таи 4 моҳи нахусти соли равон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл  нуҳу ним дарсад бештар будааст.

Дар ин миён 147 миллион доллар аз маҷмуъи ин маҳсулот саҳми бахшҳои зироъӣ ва домдорӣ аст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш мутаносибан рушди 8 ва 30 дарсадиро нишон медиҳад.

Гуфта мешавад таи ин муддат аз сӯи ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон беш аз 1 ҳазору 600 тонна картошка ҳосили нав ва наздик ба 58 ҳазор тонна сабзиҷот низ тавлид шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон  қасд дорад дар соли равон  содироти  маҳсулоти кишоварзӣ ба Русияро афзоиш диҳад. Ин мавзӯъ дар ҷараёни дидор ва гуфтугӯҳои вазири кишоварзии Русия дар Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Димитрӣ Патрошов вазири кишоварзии Русия дар Душанбе таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз зарфияти содироти беш аз 2 миллион тонна маҳсулоти мухталифи кишоварзӣ бархурдор аст ва Маскав бояд роҳҳои муносиби воридоти мева, ангур, сабзиҷот ва асали кишоварзони тоҷикро фароҳам созад.