Май 22, 2019 11:02 Asia/Dushanbe
  • 150 миллион доллар воми Ширкати байналмилалии тиҷорати исломӣ (ITFC) ба Тоҷикистон

Тоҷикистон бо Ширкати байналмилалии тиҷории исломӣ (ITFC) барои ҷазби 150 миллион доллар воми ин ниҳод ба тавофуқ расидааст.

Ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс, бар асоси тавофуқи аввалияи мақомоти Тоҷикистон бо Ширкати байналмилалии тиҷорати исломӣ, ин ниҳоди молӣ муваззаф шудааст, ки дар муддати се сол ба ин кишвар 150 миллион долллар вом бидиҳад.

Ин вом барои афзоиши воридот ва содироти маҳсулот, кӯмак ба муассисоти молӣ ва эътиборӣ ба манзури ҳимоят аз фаъолиятҳои бахши хусусӣ ва ширкатҳои хадамотӣ ҳазина хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба раиси Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории ин кишвар дастур додааст, ки матни ниҳоии ин созишномаро имзо ва барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон ироа кунад.