Бозгашти нахустин гурӯҳи ҳоҷиён ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i4399-Бозгашти_нахустин_гурӯҳи_ҳоҷиён_ба_Тоҷикистон
Нахустин гурӯҳ аз ҳоҷиёни тоҷик пас аз анҷоми маносики ҳаҷ вориди Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе шуданд .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 19, 2016 05:18 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти нахустин гурӯҳи ҳоҷиён ба Тоҷикистон

Нахустин гурӯҳ аз ҳоҷиёни тоҷик пас аз анҷоми маносики ҳаҷ вориди Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе шуданд .

Ба иттилои сайти Toptj, нахустин гурӯҳи 200 нафарӣ аз ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 18-и сентябри соли ҷорӣ пас аз анҷоми маносики ҳаҷ вориди Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе шуданд .

Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон, дар маросими ҳаҷҷи имсол 6 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба зиёрати амокини мутабаррика дар Маккаи мукаррама Мадинаи мунаввара мушарраф шуданд .

Ин ниҳод эълом кард, дар маросими ҳаҷҷи имсол 3 шаҳрванди Тоҷикистон, ки сокинони ноҳияҳои Дӯстӣ, Абдулраҳмони Ҷомӣ ва Ҳисор будаанд, фавт карданду дар Арабистон ба хок супурда шуданд .

Дар Тоҷикистон бар асоси қонуни ҷадид танҳо шаҳрвандони болои 40 соли ин кишвар аз ҳаққи рафтан ба сафари ҳаҷ бархурдор ҳастанд.

Дар соли ҷорӣ ҳазинаи сафар ба Арабистон барои анҷоми маносики ҳаҷҷи таматтуъ 28 ҳазору 649 сомонӣ муқарар шудааст, ки беш аз 3 ҳазор доллар мебошад .

Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон эълом кард, интиқоли ҳуҷҷоҷи тоҷик ба кишварашон рӯзи 3-и октябр ба поён мерасад.