Май 25, 2019 13:18 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Раҳмон аз иҷроӣ нашудани тарҳҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Хатлон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷроӣ нашудани тарҳҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон интиқод кард.

Ба нақл аз дафтари матбуотии раиси ҷумҳури тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон,ки ба Хатлон сафар карда, дар дидори масулони ҳукуматии вилояти Хатлон гуфтааст,ки дар 15 ноҳияи ин минтақа тарҳҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ иҷро нашудааст.

Ба гуфтаи вай дар вилояти Хатлон,ки бузургтарин минтақаи Тоҷикистон аст бояд 279 тарҳ дар чорчуби барномаи миёнмудат рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ иҷро мешуд,ки аз ин теъдод 172 тарҳ амалӣ нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст,ки бояд далели иҷроӣ нашудани ин барномаҳо дар ноҳияҳои Балҷувон, Хуросон, Восеъ, Вахш, Кулоб, Фархор, Ливокант, Носири Хисрав,Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус, Ҷайҳун,Қубодиён, Кушониён,Темурмалик ва Ҳамадонӣ баррасӣ шавад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст,ки аз 2 ҳазор ва 89 корхона дар вилояти Хатлон 712 воҳид фаъолият намекунад ва аз 520 корхонаи санъатӣ 209 воҳид ҳеҷ маҳсулоте тавлид накардааст ва дар 54 корхона низ коҳиши тавлиди маҳсулот мушоҳида мешавад.

Раҳмон афзуд ; дар соли 2018 аз 168 корхона ва коргоҳи насоҷии  вилояти Хатлон 61 воҳид ва аз 17 коргоҳи дузандагӣ танҳо 7 коргоҳ фаъол будааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз коҳиши 80 ҳазор тонии бардошти пахта дар вилояти Хатлон дар соли 2018 низ интиқод кардааст.

 Эмомалӣ раҳмон дар сафари ду рӯза ба вилояти Хатлон бо авзоъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин минтақа ошно шуд ва чанд тарҳи кишоварзӣ,омӯзиши ва иҷтимоиро ба баҳрабардорӣ расонд.

Барчасп