Май 25, 2019 18:17 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши кишти хашхош дар наздикии марзҳои Тоҷикистон

Як созмони ғайридавлатии Афғонистон аз афзоиши кишти хашхош дар вилоятҳои наздик ба марзи Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, созмони ғайридавлатии “Хати нав” дар Афғонистон бо ишора ба нақши пурранги Толибон дар кишти хашхоши Афғонистон эълом кард, кишти ин маводи мухаддир дар вилоятҳои наздик ба марзи Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Муҳаммадқодири Мисбоҳ, намояндаи созмони ғайридавлатии “Хати нав” гуфтааст, кишоварзон 21 ҳазор гектар аз заминҳои кишоварзиро дар вилояти Балх ба кишти хашхош ихтисос додаанд, ки ин кор ба дастури гурӯҳҳои мухолифони давлат, аз ҷумла Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ анҷом шудааст.

Балх яке аз вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон буда ва доду ситади ин вилоят бо Тоҷикистон зиёд аст.

Намояндаи “Хати нав” мегӯяд, шӯришёни Толибон ҳазинаи кишти хашхошро ҳатто пеш аз бардошти ин маҳсул ба кишоварзон пардохтаанд ва ин мавзуъ далели афзоиши кишти ин маводи мухаддир дар Афғонистон шудааст.

Мақомоти амниятии вилояти Балх ҳам кишти хашхош дар ҳазорон гектар аз заминҳои ин вилоятро таъйид мекунанд ва мегӯянд, ин киштзорҳо дар манотиқи таҳти назари Толибон аст.

Пеш аз ин хашхош умдатан дар вилоятҳои ҷануби Қандаҳор ва Нангарҳори Афғонистон кишт мешуд, аммо густариши кишти он ба самти шимол метавонад боиси нигаронии мақомоти Тоҷикистон шавад.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, афзоиши кишти хашхош ва тавлиди мухаддирҳое ҳамчун тарёк ва героин боиси эҷоди дардисарҳое барои Тоҷикистон низ шудааст. Зеро бахше аз маводи мухаддири Афғонистон аз хоки Тоҷикистон мегузарад то ба Русия ва Аврупо бирасад.

Танҳо дар 9 моҳ аз соли 2018 беш аз 20 даргирии мусаллаҳона бо қочоқчиёни Афғонистон дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон сурат гирифт ва 11 тан дар ин даргириҳо кушта шудаанд.

 

Барчасп