Таъиди истифода аз маводи мухаддир дар зиндонҳои Тоҷикистон
(last modified 2019-05-26T04:58:21+00:00 )
Май 26, 2019 09:58 Asia/Dushanbe
  • Таъиди истифода аз маводи мухаддир дар зиндонҳои Тоҷикистон

Муовини вазири адлияи Тоҷикистон истифода аз маводи мухаддир дар зиндонҳои ин кишварро таъид кард.

Ба нақл аз сомонаи ТОП ТҶ, Абдулманнон Холиқзода, ки барои додани тавзеҳ дар бораи мавзӯи наҳваи эъломи дороиҳои кормандони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар ҳозир шуда буд, гуфтааст, ки мутаъсифона истифода аз маводи мухаддир дар зиндонҳои ин ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад.

Вай дар посух ба пурсиши Абдулҳалим Ғаффоров раиси Ҳизби сотсиалист ва намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дар мавриди вуҷуди маводи мухаддир дар зиндонҳои ин кишвар бо таъиди ин мавзӯъ гуфтааст, ки кормандони ин зиндонҳо дар ин қазия даст доранд.

Муовини вазири адлияи Тоҷикистон, ки мудирияти Созмони зиндонҳо дар ихтиёри ин вазорат аст таъкид кардааст чанд омил дар раванди тавзеъи маводи мухаддир дар зиндонҳои ин кишвар вуҷуд дорад, ки яке аз ин авомил фаолияти кормандони ин марказҳо аст.

Аз дидгоҳи вай ба манзури муқобила бо тавзеъи маводи мухаддир дар зиндонҳои Тоҷикистон озмуни баррасии салоҳияти кормандони ин марокиз баргузор шудааст, ки теъдоде аз ин ашхос ба далели бекифоятӣ ва надоштани дониши кофии ҳирфаӣ ихроҷ хоҳанд шуд.

Қаблан созмонҳои дидабони ҳуқуқи башар ва масъули дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҳукумати Тоҷикистон густариши бемориҳои гузаранда дар зиндонҳои ин кишварро мушкили умдаи Созмони зиндонҳои ин ҷумҳурӣ унвон карда буданд.

Бар асоси гузориши расмии масъули дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҳукумати Тоҷикистон дар зиндонҳои ин кишвар 307 зиндонӣ мубтало ба СПИД ва 173 нафар беморони сил шиносоӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон наздик ба 12 ҳазор зиндонӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва дар баҳори соли 2018 Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Миллали Муттаҳид аз ҳукумати ин кишвар дархост карда буд, ки барои пешгирӣ аз густариши бемориҳои СПИД ва сил барномарезӣ кунад.