Май 27, 2019 19:23 Asia/Dushanbe
  • Нахустин парвози ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини тавлиди Тоҷикистон

Нахустин ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини тавлиди Тоҷикистон дар чорчӯби як конфронси илмӣ ба парвоз даромаданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар чорчӯби конфронси байналмилалӣ бо унвони “Мушоҳидаҳои фосилаӣ ва фанноварии истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин” нахустин ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини сохти Тоҷикистон дар фурудгоҳи минтақаи Абдурраҳмони Ҷомӣ ба парвоз даромаданд.

Дар ин маросим ду навъ ҳавопаймои бидуни сарнишин, яке бо нерӯи барқ (батарея) ва дувумӣ бо сӯхт ҳудуди ду соат дар баландии 600 - метрӣ парвоз карданд.

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи улуми Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин бо аҳдофи илмӣ ва таҳқиқотӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо дар Тоҷикистон амалиётӣ шудааст.

Раиси Академияи улуми Тоҷикистон афзуд, ин ҳавопаймоҳо ба дасти мутахассисони тоҷики фориғуттаҳсили донишгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон, ки дар давраҳои омӯзишии Чин низ ширкат кардаанд, сохта шудааст.

Раҳимӣ гуфт, қатаоти ядаки (қисмҳои эҳтиётӣ) - и ин ҳавопаймоҳо дар Институти физикаи Академияи улуми Тоҷикистон тавлид ва озмоиш мешавад.

Абдусаттор Саидов, муовини Академияи улуми Тоҷикистон низ арзиши ин ҳавопаймоҳоро ҳудуди 20 то 25 ҳазор доллар унвон кард ва афзуд, ин дастгоҳҳо имкони таъйини хисороти молии балоёи табиӣ ва зилзила дар муддати кӯтоҳ ва назорат бар муҳити зистро фароҳам мекунад.

 

Барчасп