Сафҳои тӯлонии хариди доллар дар Душанбе
Май 29, 2019 10:18 Asia/Dushanbe
Камёб шудани доллар дар Тоҷикистон мутақозиёни хариди ин навъ арзи хориҷиро водор кардааст, ки аз соати 4-и бомдод муқобили сохтмони Бонки тиҷории Қазоқистон дар шаҳри Душанбе саф истанд.
Дар ин бонк ба ҳар муштарӣ танҳо 200 доллар фурӯхта мешавад, ки дар соири бонкҳои тиҷории Тоҷикистон ҳатто ин имкон низ вуҷуд надорад. Издиҳоми ҷамъият барои дарёфти доллар муқобили сохтмони Бонки тиҷории Қазоқистон ба ҳадде аст, ки танҳо 30 то 40 нафари аввал метавонанд ба дарёфти арз умедвор бошанд. Азх оғози соли 2019 фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон аз камбуди доллар дар бонкҳои тиҷории ин кишвар шикоят мекарданд, ки дар ду ҳафтаи ахир ин бӯҳрон ташдид шудааст. Дар пайи камёб шудани доллар дар Тоҷикистон барои бори нахуст аз соли 2003 арзиши сомонӣ дар баробари доллар дар бозори ғайрирасмӣ ба 10 сомонӣ расид, ки коршиносон ин шароитро аз қабл пешбинӣ карда буданд.