Саронаи тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон ба 206 доллар расид
(last modified Wed, 29 May 2019 05:36:55 GMT )
Май 29, 2019 10:36 Asia/Dushanbe
  • Саронаи тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон ба 206 доллар расид

Агентии давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ки дар чор моҳи нахусти имсол тавлидоти нохолиси миллии ин кишвар ба 17 миллиарду 900 миллион сомонӣ (муодили як миллиарду 800 миллион доллар) расидааст.

Ба нақл аз сомонаи Агентии давлатии омори Тоҷикистон, бар ин асос саронаи ҳар тоҷикистонӣ (саҳми шаҳрванд аз тавлидоти нохолиси миллӣ) 206 доллар аст. Тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон имсол бояд ба 78 миллиарду 200 миллион сомонӣ (муодили 8 миллиарду 200 миллион доллар) бирасад, ки дар сурати таҳаққуқи ин шохис, дар муқоиса бо соли 2018 10 миллиард сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ин дар ҳоле аст, ки тавлидоти нохолиси миллии ин кишвар дар соли 2017 ба 17 миллиарду 93 миллион сомонӣ расида буд.