Май 29, 2019 16:39 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти модари нахуствазири Тоҷикистон

Модари Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар синни 88 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории “Ховар”, маросими бахоксупории модари нахуствазири Тоҷикистон - Муҳаббат Охунова рӯзи 28 –уми май дар оромгоҳи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд анҷом шуд.

Муҳаббат Охунова, модари нахуствазири Тоҷикистон субҳи 28 –уми май дар синни 88-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

“Ховар” менависад, Муҳаббат Охунова тамоми умр дар мактаби Хистеварз омӯзгорӣ карда, яке аз шахсиятҳои обрӯманди ҷамоати Хистеварз ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буд.

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон 8 –уми марти соли 1961 дар ҷамоти Хистеварзи кунунӣ таваллуд шуда, аз 23 ноябри соли 2013 мақоми нахуствазирии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.

Пештар бархе аз расонаҳо гузориш доданд, ки Расулзода ба иллати маризӣ аз симаташ истеъфо медиҳад, аммо ин хабар расман таъйид нашуд.

Барчасп