Ҳалимов қатъан ҳадафи баъдии Амрико хоҳад буд
Устоди Донишгоҳи хусусии Райс дар Техаси Амрико муътақид аст, ки батаври қатъ нобудии Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории Вазорати кишвари Тоҷикистон ва вазири ҷанги гурӯҳи террористии ДИИШ ва соири фармондеҳони ин гурӯҳ дар дастури кори раисҷумҳури ҷадиди Амрико қарор хоҳад гирифт.
Ба иттилои сайти Toptj, Эйтан Вилинский Линфорд, ки рӯи масоили исломӣ ва ҷарёнҳои ифротӣ таҳқиқ мекунад ва ба Тоҷикистон низ сафар кардааст, мегӯяд, ки гурӯҳи террористии ДИИШ акнун ба як таҳдиди ҷаҳонӣ табдил шуда ва дар кишварҳои мухталифи осиёӣ ва аврупоӣ ба иҷрои амалиёти террористӣ иқдом кардааст .
Вай муътақид аст, ки таъини ҷоизаи 3 миллион долларӣ барои иттилоъ аз сарнавишти Гулмурод Ҳалимов аз сӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико ба маънии ҷиддӣ будани азми мақомоти Вашингтон барои нобудии сарони гурӯҳи террористии ДИИШ мебошад. Ба вижа инки Ҳилари Клинтон, яке аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, нобудии сарони гурӯҳи террористии ДИИШ-ро яке аз барномаҳои ояндаи худ эълом кардааст.
Ин коршиноси амрикоӣ яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз нуфузи тафаккури гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро доштани низоми интихоботии солиму шаффоф, матбуоти мустақилу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои фардӣ унвон кардааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Курт Райс, муовини амниятии вазири умури хориҷаи Амрико аз таъини ҷоизаи 3 миллион долларӣ барои иттилоъ аз сарнавишти Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик хабар дода буд.
Ба гуфтаи Райс, Ҳалимов давраҳои донишафзоиро дар яке аз пойгоҳҳои низомии Амрико фаро гирифта ва акнун ба муҳрае муҳим дар миёни фармондеҳони гурӯҳи террористии ДИИШ табдил шудааст.
Полковник Гулмурод Ҳалимови 40 сола фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати кишвари Тоҷикстон авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи соли ҷорӣ бо интишори як пайёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютуб, аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод .