Июн 01, 2019 09:04 Asia/Dushanbe
  • Коршиносон; Тоҷикистон солҳои тулонӣ кишвари воридкунанда боқи мемонад

Коршиносон ба далели маҳдуд будани ақломи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба хориҷ муътақиданд, ин кишвар солҳои тулонӣ ҳамчунон воридкунандаи коло боқи хоҳад монд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, таи 4 моҳи нахусти соли ҷорӣ, аз ин Ҷумҳури 319 миллион доллар маҳсулот содир ва беш аз 1 миллиард доллар коло ворид шудааст.

Баррасиҳо нишон медиҳад,ки таи ду даҳаи гузашта таркиби ақломи содиротии Тоҷикистон тағийр наркарда ва умдатан пахта, алюмин ва барқ буда,ки дар солҳои ахир симонт низ ба маҳсулоти содиротии ин кишвар афзуда шудааст.

Бо вуҷуди таъкиди мақомоти Ҳукуматӣ ва коршиносони тоҷик бар зарурати тағийри таркиби маҳсулоти содиротии ин кишвар ба хориҷ таи ду даҳаи ахир дар ин замина ҳеҷ пешрафте мушоҳида намешавад.

Бонки Рушди Осиё дар соли 2015 ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия карда буд,ки барномаи тағийри таркиби ақломи маҳсулоти содиротии ин кишвар ба хориҷро таҳия ва иҷроӣ кунад. Аммо бо гузашти чор сол аз тадвини ин барнома вазифаҳои мушахасшуда дар он амалӣ нашудааст..

Яке аз пешниҳодҳои Бонки Рушди Осиё дар заминаи тағийри таркиби ақломи содиротии Тоҷикистон афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ буд,ки мебоист заминаи иштиғолзоӣ ва зиёд шудани даромади моллии ин кишвар ро фароҳам мекард, аммо ин маврид низ иҷроӣ нашуд.

Гуфта мешавад,ки Тоҷикистон таи 4 моҳи нахусти соли ҷорӣ бо 97 кишвар муъомилоти тиҷорӣ доштааст,ки дар баробари 86 кишвар мизони воридот бар содирот бештар будааст.