Июн 02, 2019 09:40 Asia/Dushanbe
  • Монеаҳои пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё

Муовини раиси донишгоҳи молии вобаста ба ҳукумати Русия муътақид аст чанд омил аз ҷумла иқтисоди заифи Тоҷикистон монеи пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Алекси Зубитс гуфтааст, ки монеи дигари пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нигаронии мақомоти Душанбе аз ояндаи тиҷорати ин кишвар аст. Дар Тоҷикистон ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки тиҷорати шакл гирифта дар дохили ин кишвар ба дасти бозигарони хориҷӣ биафтад. Аз ин ру яке аз монеаҳои ҷиддии пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳодия тарси аз даст додани тиҷорат аст.

Аз сӯи дигар иқтисоди Тоҷикистон қудрати рақобат бо маҳсулоти кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро надорад. Аз ин ру ин нигаронӣ низ вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон натавонад дар баробари маҳсулоти воридотӣ аз дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё рақобат кунад ва бозори тиҷорати ин кишвар дар ихтиёри содиркунандагон аз ин иттиҳодия қарор гирад.

Аз дидгоҳи ин коршиноси рус то замони бартараф шудани ин нигарониҳо пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дур аз интизор ба назар мерасад.

Дар ҳоле, ки имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ дорад, аммо бештарин тамаркуз руи содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон будааст. Аз ҷумла бо Русия чандин созишномаи содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон имзо шудааст.

Ҳар чанд, ки пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шароити фаолияти озодонаро барои коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия фароҳам месозад.

Мақомоти Тоҷикистон таи чаҳор соли ахир дар посух ба дархости Русия ва дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё барои пайвастан ба ин иттиҳодия мегуянд, ки дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ ҳастанд.