Июн 02, 2019 18:10 Asia/Dushanbe
  • Зарурати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаии Теҳрону Душанбе

 «Муносботи Теҳрону Душанбе бояд дар ростои манофеи ду миллат ва таъмиқи дӯстиҳо беш аз пеш густариш ёбад».  Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Теҳрон бо таъкид бар ин нукта тасреҳ кард, Эрон ҳамвора хостори субот, амнияти комил, пешрафти Тоҷикистон ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои ду ҷониб будааст.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон пеш аз дидор бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон низ дидору гуфтугӯ кард. Густариш ва таъмиқи равобиту ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муқобила бо ифротгароию терроризм аз меҳварҳои аслии гуфтугӯҳои Муҳриддин дар Теҳрон буд.

Сафари вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Теҳронро мебоист оғози даври ҷадиди музокироти ду кишвар барои афзоиши ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ донист.

Эрон аз зарфиятҳои муносибе дар заминаҳои фаннӣ ва иҷрои тарҳҳои зерсохтӣ бархурдор аст. Бахши қобили таваҷҷуҳе аз ин зарфиятҳо дар бахши обу барқ аст. Дар ҳоли ҳозир, мутобиқи оморҳо, ҳудуди 15 дарсади зарфияти кулли нерӯгоҳҳои барқи обии дунё дар Тоҷикистон воқеъ шудааст, ки агар ин зарфият амалиётӣ шавад, мутмаиннан нақши муҳиме дар тавсеаи минтақа хоҳад дошт. Дар ҳамин хусус Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон дар дидор бо Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, Эрон омодагӣ дорад, то роҳи транзити энержиро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор диҳад.

Дар шароити феълӣ ду мавзӯъ метавонад ҳамкории байни Эрону Тоҷикистонро тақвият кунад. Яке аз ин ду мавзӯъ ҳамкории иқтисодӣ аст, ки дар музокироти вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Теҳрон мавриди таъкиди ду тараф қарор гирифт. Аммо мавзӯи дувуми ҳоизи аҳамият тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи мубориза бо терроризм дар минтақа аст. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамин хусус дар дидор бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба ин нукта, ки террористҳо аз Ироқу Сурия хориҷ шудаанд, гуфт, акнун нигаронӣ аз ҳузури террористҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз вуҷуд дорад. Сироҷиддин Муҳриддин низ дар ин дидор бо баёни ин ки сиёсати Эрон дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа таъсироти мусбати фаровоне ба дунбол доштааст, тасреҳ кард, «вуҷуди гурӯҳҳои террористӣ барои миллатҳои минтақа бисёр хатарнок аст ва аз ин рӯ ҳама бояд дар масири мубориза бо терроризм бо якдигар талош ва ҳамкорӣ кунем».

Ба рағми вуҷуди зарфиятҳои мутааддид барои ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ сатҳи равобити миёни Эрону Тоҷикистон бо вазъияти матлуб фосила дорад. Ин мавзӯъ дар солҳои ахир сабаб шудааст, ки равобити Теҳрону Душанбе дучори навъе рукуд ва камтаҳаррукӣ шавад. Аз ин рӯ дидори вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз Теҳронро метавон дар чорчӯби роҳҳои бурунрафт аз вазъияти мавҷуд ва расидан ба сатҳи ҳамгироиҳои минтақаӣ ҳоизи аҳамият донист.

Дэвид Митрэни, пажӯҳишгари англис дар заминаи назарияи ҳамгироӣ муътақид аст, ҳамкориҳои фаннӣ ва иқтисодӣ ба таври худкор заминаро барои фароҳамсозии фазои ҳамкорӣ падид меоваранд. Вай дар ин бора мутазаккир мешавад, ки агарчи ҳамкориҳои фаннӣ ё иқтисодӣ лузуман наметавонанд ба амният мунҷар шаванд, вале пояҳоеро эҷод мекунанд, ки мӯҷиби мувофиқатҳои амниятӣ мегардад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон на фақат дар хусуси Тоҷикистон, балки дар мавриди соири кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон низ, ки дигар кишвари форсизабон аст, ҳамвора ба дунболи сулҳу амният ва аромишу тавсеа буда ва бо рӯйкарди мусбат дар кумак ба тавсеаи зерсохтҳо дар ин ду кишвар пешгом будааст. Ин дар ҳолест, ки миёни эрониён ва тоҷикон пайвандҳои деринаи фарҳангӣ ва забонӣ вуҷуд дорад. Ин пайвандҳо дар фарозу фуруди тағйироти геополитикии минтақа ҳеҷ гоҳ аз миён нарафтаанд. Аз ин рӯ дар як арзёбии ҷомеъ дидор ва музокироти вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Теҳронро метавон дар чорчӯби рӯйкард ва нигоҳи мусбати ду кишвар ба ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои чандҷонибаи сиёсию иқтисодӣ бо такя бар муштаракоти фарҳангию динии ду миллат арзёбӣ кард.