Июн 03, 2019 12:24 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби лоиҳаи Вазъияти низомӣ дар Тоҷикистон

Барои нахустинбор дар таърихи истиқлоли Тоҷикистон як лоиҳаи қонунӣ дар бораи вазъияти низомӣ таҳия ва тасвиб шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Собирзода муовини аввали Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар Парлумони ин кишвар ҳадаф аз тароҳии ин лоиҳаро эҷоди мабнои қонуне барои анҷоми иқдомҳое дар ростои ҳифозат аз кишвар дар замони ҷанг, пешгири аз таҷовуз ё таҳдид ва тақвияти зарфияти дифоъии кишвар унвон кард.

Ин лоиҳа созмондиҳӣ ва баргузории барномаҳои мухталиф дар замони эъломи вазъияти низомиро фароҳам мекунад.

Лоиҳаи вазъияти низомӣ дар қаламрави Тоҷикистон ё дар бахшҳои ҷудогонаи он бо дастури раиси ҷумҳури эълом ва бояд дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси намояндагон ва маҷлиси олии ин кишвар тасвиб шавад.

Лоиҳаи мазкур марзҳои минтақаҳои даргир, ихтиёроти раёсати кишвар ва ниҳодҳои давлатӣ дар давраи вахомати вазъияти низомиро мушаххас ва имкони маҳдуд кардани фаъолиятҳои таблиғотӣ ва дигар иқдомҳоеро,ки метавонанд дар таъмини амният ва дифоъи кишвар таъсири манфӣ бигузоранд, фароҳам мекунад.

Дар замони эъломи вазъияти низомӣ харид ва фуруши силоҳ, доруҳои ҳовии маводи равонгардон ва ҳамчунин машруботи алкулӣ мамнуъ аст ва ба мақомоти зирабт ихтиёроти кантрол ва назорат бар иртиботот,интишорот ва эҷоди сензура дар расонаҳои кишвар эътто мешавад.

Дар маҷмуъ пешнависи ин қонун шомили 18 асл мебошад.

Дар ҳоли ҳозир масоили марбут ба вазъияти низомӣ дар Тоҷикистон бар асоси асли 5 и қонун дар бораи дифоъ,ки дар ноябри соли1995 тасвиб шудааст, танзим мешаванд.