Сентябр 19, 2016 13:00 Asia/Dushanbe
  • Ибрози умедворӣ дар бораи беҳбуди вазъияти кории муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Сафири Русия дар Душанбе ибрози умедворӣ кард, вазъияти кории муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо узвият дар Иттиҳоди Авруосиё беҳбуд ёбад.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Игор Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон рӯзи душанбе беҳтарин роҳ барои беҳбуди вазъияти муҳоҷирони кориро ҳузури ин кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё унвон кард ва афзуд, пайвастан ба ин иттиҳодия тамоми мушкилот ва масоили ғайримумкинро аз байн хоҳад бурд.

Суханони сафири Русия дар Душанбе дар робита ба ин мавзуъ дар ҳолест, ки Тоҷикистон токунун батаври ошкор дар мавриди пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё эъломи омодагӣ накардааст.  

Бар асоси омори расмӣ, беш аз як миллион ва тибқи омори ғайрирасмӣ ҳудуди 2 миллион коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия фаъолият мекунанд, ки даромадҳои ирсолии солонаи онон баробар бо 40 дарсади аз даромади нохолиси миллии Тоҷикистон аст.