Афзоиши қимати колоҳо дар остонаи Иди Фитр дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44241-Афзоиши_қимати_колоҳо_дар_остонаи_Иди_Фитр_дар_Тоҷикистон
Дар остонаи Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон қимати маводи ғизоӣ, мева ва либос дар бозорҳои ин кишвар ба шиддат афзоиш ёфта, мӯҷиби нигаронии харидорон шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 04, 2019 14:49 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати колоҳо дар остонаи Иди Фитр дар Тоҷикистон

Дар остонаи Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон қимати маводи ғизоӣ, мева ва либос дар бозорҳои ин кишвар ба шиддат афзоиш ёфта, мӯҷиби нигаронии харидорон шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, дар остонаи Иди саиди Фитр қимати бештари маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон, бавижа шаҳри Душанбе афзоиш ёфтааст. Фурӯшандагон муътақиданд, ин авзоъ ба коҳиши қудрати хариди мардум иртибот дорад. Дар ин миён ширинифурӯшон мегӯянд, дар се рӯзи ахир ба андозаи се моҳ фурӯш доштаанд ва ин дар ҳолест, ки қимати анвои ширинӣ дар муқоиса бо соири маводи ғизоӣ арзонтар аст. Аммо фурӯшандагони либос мегӯянд, дар муқоиса бо идҳои Рамазон ва Қурбони солҳои қабл шумори харидорон коҳиш ёфтааст ва мардум бештар фақат барои фарзандонашон харид мекунанд.

Ҳамчунин сокинони шаҳри Душанбе аз кайфияти поини гӯшт шикоят мекунанд ва мегӯянд, ки дар баробари ҳар кило гӯшт қассобҳо ба иҷбор 100 то 200 грам равған изофа мекунанд. Фурӯшандагони гӯшт муддаиянд, ки шаҳрдорӣ аз онон мехоҳад ҳар кило гӯшти говро ба қимати 40 сомонӣ арза кунанд, ки ба зиёни онон аст ва маҷбӯранд, ба хариди муштариён равған низ изофа кунанд, ҳол он ки қимати ҳар кило гӯшт бояд 49 сомонӣ бошад.