Июн 05, 2019 21:02 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Ожонси ҳавопаймоии Русия аз ширкати “Тоҷик Эйр”

Ожонси ҳавопаймоии Русия бо ироаи шикоят ба додгоҳи шаҳри Маскав, хостори дарёфти маблағи 555 ҳазор доллар аз ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба унвони қарз бобати хадамоти ҳавоӣ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, намояндаи Ожонси ҳавопаймоии кишварии Русия дар додгоҳ гуфтааст, ки ин маблағи қарзи ширкати “Тоҷик Эйр” бобати ироаи хадамоти ҳавоӣ мебошад, ки тайи моҳҳои сентябр то декабри соли 2018 пардохт нашудааст.

Гуфта мешавад, ба далели ҳозир нашудани намояндаи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар ҷаласаи додгоҳи шаҳри Маскав, баррасии ин мавзуъ ба рӯзи 11 июли соли ҷорӣ ба таъхир гузошта шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” аз рӯзи 4 –уми январи соли ҷорӣ тамоми парвозҳои хешро қатъ кардааст ва баррасии амалкарди молии ин ширкат идома дорад.

Мудирияти ҷадиди ин ширкат эълом карда буд, ки аз авохири моҳи марти имсол парвозҳои худро аз сар хоҳад гирифт, ки ин аиттифоқ науфтод.

Пеш аз ин “Тоҷик Эйр” аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба 13 шаҳри Русия ва ба кишварҳои Эрон ва Ҳиндустон парвоз анҷом медод.

Бо таваққуфи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик Эйр” тамоми кормандони он ба мураххасии бидуни маош рафта буданд.

Мушкилоти ширкати “Тоҷик Эйр” замоне ташдид шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 дастури бозрасии амалкарди молии ширкатро содир кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур дода буд, ки мавзӯи харидории як фарванд ҳавопаймои “Боинг 767” гаронтар аз қимати воқеии онро аз сӯи ин ширкат ва санадсозӣ дар ин мавридро бозрасӣ кунад.

 

 

Барчасп