Июн 06, 2019 17:45 Asia/Dushanbe
  • Барқарории дубораи парвозҳо миёни Эрон ва Тоҷикистон

Бо парвози ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш Эйрлайнз” аз Машҳад ба Душанбе дар имрӯз 6 июни соли 2019 парвозҳо миёни ин ду кишвар, ки ҳашт моҳ қабл мутаваққиф шуда буд, аз сар гирифта шуд.

Ин ҳавопаймо бо 90 мусофир аз шаҳри Машҳад ба мақсади пойтахти Тоҷикистон ба парвоз даромад ва дар фурӯдгоҳи Душанбе мавриди истиқболи мақомоти вазорати ҳамлу нақли ин кишвар қарор гирифт.

Ин ҳавопаймо дар парвози баргашт мусофирони зиёде, аз ҷумла тими футболи навҷавонони Тоҷикистонро ба Машҳад мунтақил кард.

Гуфта  мешавад, ки нархи билети рафту баргашти парвози Машҳад- Душанбе 2500 сомонӣ баробар бо 250 доллар ва масири як тарафа яъне танҳо рафт ё баргашт ҳудуди 1700 сомонӣ муодили 170 доллар аст.

Дафтари фурӯши билетҳо дар Машҳад, воқеъ дар хиёбони Дастғайби 4 ва 6 аст. Дафтари фурӯши билетҳо дар Душанбе дар хиёбони Лоҳутӣ, воқеъ дар маркази тиҷории "Ашан" аст.  

Пеш аз ин ду ширкати эронӣ ва тоҷикистонӣ парвозҳои масирҳои Душанбе - Теҳрон ва баракс ва Машҳад- Душанбе ва бараксро бар ӯҳда доштанд.

Парвозҳои ширкати "Тоҷик Эйр" аз авохири декабри соли 2018 дар масири Душанбе - Теҳрон қатъ шудааст.

Қаблан ширкати эронии "Осмон" низ аз Машҳад ба Душанбе парвоз анҷом медод, ки аз ҳудуди 8 моҳ пеш ин парвозҳо мутаваққиф шудааст.

Охирин парвози ширкати "Осмон" ба мақсади Душанбе 20 сентябри соли 2018 будааст.

Гуфта мешавад, ин парвозҳо дар чорчуби барномаи беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Эрон, ки ахиран мушоҳида мешавад, аз сар гирифта шудааст.
 

 

Барчасп