Июн 06, 2019 17:57 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири фарҳанги Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе

Дар дидори вазири фарҳанги Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе, мавзӯи густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Шамсиддин Орумбекзода ва Муҳаммадтақии Собирӣ дар ин дидор роҷеъ ба имзои созишномаи ҷадиди ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Душанбе ва Теҳрон баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин дар бораи мушорикати ҳайтҳои ду тараф дар ҳафтаҳои фарҳангӣ, намоишгоҳи китоб, маҳофили адабӣ, филм ва синамо, театр ва гурӯҳҳои ҳунарӣ, ҳамоишҳо ва конфронсҳо дар Душанбе ва Теҳрон тавофуқ бадаст омад.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва сафири Эрон дар Душанбе бар зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи табодули таҷориб ва ошноӣ бо дастовардҳои фарҳангии ҳунармандони ду кишвар таъкид карданд.

 

Барчасп