Июн 07, 2019 15:55 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши колоҳои содиротии Тоҷикистон

Муовини гумруки Тоҷикистон аз афзоиши колоҳои содиротии ин кишвар ба 480 маҳсул хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Азим Ҳайдар гуфт: Илова бар афзоиши танаввӯъ дар колоҳои содиротии Тоҷикистон саҳми содирот аз тиҷорати хориҷии ин кишвар дар соли 2018 ба 25, 3 дарсад афзоиш ёфта, ки ин мизон дар соли 2015   20 дарсад будааст.

Муовини гумруки Тоҷикистон афзуд: Шумори шарикони тиҷории Тоҷикистон низ дар бозаи замонии солҳои 2015 то 2018, аз 90 кишвар ба 110 кишвар афзоиш ёфтааст.

Бино бар эъломи дафтари умури хориҷаи Тоҷикистон ҳаҷми тиҷорати хориҷии ин кишвар дар соли 2018 ба 4 миллиарду 222 миллион доллар расидааст. 

 

Барчасп