Июн 07, 2019 19:40 Asia/Dushanbe
  • Оғози фаъолияти озмоишии агрегати дуввуми нерӯгоҳи

Мақомоти Вазорати энергетика ва зихираҳои оби Тоҷикистон аз оғози фаъолияти озмоишии агрегати дуввуми нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи TajikTe, фаъолияти агрегати дуввуми ин нерӯгоҳ дар ҳоли ҳозир озмоишӣ буда ва замони ба баҳрабардорӣ расидани он мушаххас нест.

Агрегати нахусти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" пас аз 40 сол аз замони оғози сохти он, 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид, вале дар моҳи марти имсол фаъолияти он ба таври муваққат мутаваққиф шуд. Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон иллати ин иқдомро фаннӣ унвон карданд, ки бо таваҷҷӯҳ ба дастрасӣ надоштани расонаҳои хабарӣ ба иттилооти расмӣ мӯҷиби интишори гумонаҳои зиёде дар фазои маҷозӣ шуд.

Бо ин ҳол фаъолияти ин итрубина охирҳои моҳи май аз сар гирифта шуд.