Июн 07, 2019 20:08 Asia/Dushanbe
  • Раиси собиқи зиндони Хӯҷанд ба 4  соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри Хӯҷанд раиси собиқи зиндони шумораи 3 ин шаҳрро дар ҳодисаи шӯриши ин зиндон дар шаби 7 ноябри соли 2018 муқассир донист ва ба 4 соли зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз  сомонаи CA-News, ин додгоҳ Файзулло Сафарзодро ба иттиҳоми саҳлангорӣ дар иҷрои вазифааш ва  сӯистифода аз симмат дар ҷараёни саркӯби шӯриши 7 ноябри соли 2018 ба 4 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд, ки дар шӯриши шаби 7 ноябри соли 2018 дар зиндони шумораи 3 шаҳри Хӯҷанд 21 зиндонӣ ва ду корманди ин зиндон кушта ва теъдоди зиёде низ захмӣ шуданд.

Ин мақомот муддаӣ ҳастанд, ки саркардаҳои ошӯби зиндони Хӯҷанд, ки ба ҷурми терроризм ва ифротгароӣ маҳкум шуда буданд, кормандони зиндонро ба шакли фаҷеъ ба қатл расонданд.

 

Барчасп