Ифтитоҳи парки бозсозишудаи “Куруши кабир” дар шаҳри Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44328-Ифтитоҳи_парки_бозсозишудаи_Куруши_кабир_дар_шаҳри_Душанбе
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе рӯзи шанбе дар маросиме бӯстони бозсозишудаи “Куруши кабир”-ро дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ифтитоҳ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 08, 2019 17:08 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи парки бозсозишудаи “Куруши кабир” дар шаҳри Душанбе

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе рӯзи шанбе дар маросиме бӯстони бозсозишудаи “Куруши кабир”-ро дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ифтитоҳ карданд.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, ин бӯстон дар масоҳати панҷ гектар воқеъ шудааст ва кори бозсозии он беш аз як сол идома дошт.

Бӯстони “Куруши кабир” дорои чаҳор вурудии бузург ва 22 вурудии хурд аст.

Дар ин бӯстон, ки бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ шуд, барои дӯстдорони варзиш низ се замини футбол, волейбол ва теннис сохта шудааст.

Ҳамчунин дар гӯшаву канори бӯстон тандиси ҳунармандони саршиноси тоҷик насб шудааст.

Ин бӯстон имкони иштиғоли доимро барои 40 нафар аз сокинони шаҳри Душанбе фароҳам кардааст.