Қатли як зани тоҷик дар Амрико
Як зани тоҷики 45 сола,ки ба унвони дипламат дар Вашингтон фаъолият мекард, тавассути шавҳари собиқаш ба қатл расид.
Ба нақл аз сойти нашрияи амрикоии Вашингтон Пуст, Лола Ғуломова,ки пеш дар Созмони НАСА , сафорати Амрико дар Маскав ва Вазорати бозаргонии Амрико фаъолият мекард, ахиран тавассути Ҷейсон Рифф шавҳари амрикоии собиқаш кута шуд.
Ин нашрия таъкид кардааст, ихтилофи онон замоне шиддат гирифт,ки Лола Ғуломова пас аз 18 соли зиндагӣ бо шавҳари амрикоияш барои рафтан ба шаҳри Белград пойтахти Сербистон қарордоди 4 солаи ҳамкорӣ имзо карда буд, аммо Ҷейсон Рифф бо рафтани ду духтарашон ҳамроҳ бо модарашон ба Сербистон мухолиф буд,ки ин мавзуъ муҷиби ҷудоии онон дар додгоҳ шуд.
Гуфта мешавад бо вурӯди пулис ба манзили Лола Ғуломова барои баррасии ин ҳодиса, Ҷейсон Рифф бо шилики гулула ба сараш иқдом ба худкӯшӣ намуд ва пас аз интиқол ба бемористон аз дунё рафт.
Вай низ корманди Вазорати умури хориҷаи Амрико будааст.
Лола Ғуломова зодаи Тоҷикистон буд,ки пештар дар риштаи ҳунар фаъолият мекард.
Вай дар ҳошияи яке аз ҷашнвораҳои Ҷодаи Абрешим бо Ҷейсон Рифф дипламати амрикоӣ ошно шуд,ки ин ошнои сабаби издивоҷи онон шуд.