Июн 10, 2019 21:11 Asia/Dushanbe
  • Хуҷанд мизбони ҳамоиши иқтисодии коршиносони хориҷӣ

Иқтисодшиносон ва донишмандони улуми иқтисодии тоҷикистонӣ, ҳамроҳ бо иқтисоддонон аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Булғористон имрӯз, 10 июн дар шаҳри Хуҷанд мавзӯи рушди иқтисоди Тоҷикистонро мавриди баҳс қарор доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории “Спутник”, дар ҳамоиши илмӣ – амалии иқтисодии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, иқтисоддонон масоили рақобатпазирии иқтисоди миллии Тоҷикистонро ба баҳс кашиданд.

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки дар кохи “Суғдиён” –и  шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дар баробари ҳузури олимону масъулони тоҷик, ҳамзамон муҳаққиқону донишмандон аз донишгоҳҳои муътабари кишварҳои Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистону Булғористон ширкат доштанд.

Нӯъмон Раҷабзода, намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд изҳор дошт, ки ин конфронс дар остонаи 30-солагии ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, дарёфти роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар бахши саноатисозии иқтисод ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва тавлидоти дохилӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад.

Ширкаткунандагони ин ҳамоиш нақши бонкҳои тиҷорӣ, ташкилииттиҳодияҳои тавлидмву соҳибкорӣ ва фаъолияти мунтазами минтақаҳои озоди иқтисодиро дар пешгирӣ аз таназзул ва иртиқои рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон муассир арзёбӣ карданд.

 

Барчасп