Истиқбол аз тасмими Эрон ва Тоҷикистон барои беҳбуди равобит
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст манофеи роҳбурдии Эрон ва Тоҷикистон иқтизо мекунад ин ду кишвари форсизабон барои беҳбуди равобити дуҷониба гом бардоранд.
Ба нақл аз Спутник, Абдулғанӣ Муҳаммадазимов бо ишора ба сафари Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон ва дидори вай бо Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон ва Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи ин кишвар гуфтааст, ки ин иқдом бисёр ба мавқеъ ва ба нафъи мардумони ин ду кишвар буд.
Вай таъкид кардааст таи чаҳор соли ахир равобити иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Тоҷикистон ба поинтарин мизони худ расид, ки таҳти таъсири фазосозиҳои сиёсӣ қарор гирифта буд. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба ҳузури фаоли сармоягузорони эронӣ ниёз дорад. Аз сӯи дигар шароити нав дар минтақа иқтизо мекунад, ки Эрон ва Тоҷикистон дар чорчуби созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ монанди Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО барои густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷониба гом бардоранд. Абдулғанӣ Муҳаммадазимов аз сар гирифта шудани парвози ҳавопаймоҳо миёни Машҳад ва Душанберо низ ба фоли нек гирифта ва ибрози умедворӣ кардааст, ки сатҳи равобити Эрон ва Тоҷикистон ба мизони қабл аз соли 2015 боз гардад.
Интизор меравад бо сафари Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон барои ширкат дар конфронси "Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё" фасли наве дар равобити ин ду кишвар оғоз шавад.