Тоҷикистон воридоти орди ғанинашуда аз Қазоқистонро мамнуъ кард
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон воридоти маводи ғизоии ғанинашуда аз ҷумла орд аз Қазоқистонро мамнуъ кард.
Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюз, намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон таъкид кардаанд фуруши орди ғанинашуда дар дохили Қазоқистон, ки дар Тоҷикистон ба вуфур арза мешавад ва барои саломатии шаҳрвандон хатарсоз мебошад мамнуъ аст.
Дар Қазоқистон фуруши орди тавлидии ин кишвар танҳо пас аз ғанисозӣ бо витаминҳо ва маводи протеинӣ муҷоз аст, аммо дар бозорҳои Тоҷикистон, ки умдаи орди мавриди ниёзи мардум бо воридот аз Қазоқистон таъмин мешавад, ин маҳсулро бидуни ғанисозӣ арза мекунанд, ки заминаи камхунӣ, рушд наёфтани кадди кудакон ва маризиҳои мухталифро фароҳам месозад.
Аз Сӯи дигар бархе аз кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Узбакистон ва Қирғизистон низ воридоти орди ғанинашуда аз Қазоқистонро мамнуъ карданд.
Мирзо Камолзода муовини вазири тандурустии Тоҷикистон муътақид аст набуди оҳан дар таркиби орди воридотии ғанинашуда аз Қазоқистон муҷиби рушд наёфтани кадди кудакон , камхунии модарон ва афзоиши мавориди маргу мири навзодон мешавад. Аз сӯи дигар дар Тоҷикистон 30 корхонаи орд фаолият мекунанд, ки то ба ҳол дар ҳеҷ як аз ин марокиз, ғанисозии ин маҳсули муҳимми ғизоӣ анҷом намешуд ва акнун бояд дар ин замина иқдом кунанд.
Тоҷикистон ниме аз ниёзи мардуми ин кишвар ба орду гандумро, ки беш аз 1 миллион тон мешавад аз ҳисоби воридот аз Қазоқистон таъмин мекунад.