Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: Гармиҳо пас аз сардиҳо меоянд
(last modified Wed, 12 Jun 2019 12:17:18 GMT )
Июн 12, 2019 17:17 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: Гармиҳо пас аз сардиҳо меоянд

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон сафари раисҷумҳури Эрон ба Душанберо сафҳае нав дар равобити дуҷониба ва гармибахши ин равобит донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Низомиддин Зоҳидӣ пеш аз зӯҳри имрӯз – чаҳоршанбе, дар нишасти хабарӣ дар остонаи баргузории панҷумин ҳамоиши сарони кишварҳои узви конфронси Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё (СИКО) гуфт, ин иҷлос рӯзҳои 14 ва 15 –уми июн дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва бо ҳузури 15 кишвари узв баргузор мешавад ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар он ширкат мекунад.

Зоҳидӣ дар бораи таъсири сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон дар тавсеаи равобити дуҷонибаи Теҳрон ва Душанбе гуфт: “Эътимоди комил дорем, ки сафари оқои Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон метавонад сафҳае нав дар равобити ду кишвар боз кунад. Гармиҳо баъд аз сардиҳо меоянд ва ду тараф тасмим гирифтаанд сардиҳо рафъ ва дар муносиботи дуҷониба марҳалаи ҷадиде оғоз шавад”.

Сафири Тоҷикистон, ки ба тозагӣ фаъолияти худро дар Теҳрон оғоз кардааст, авлавияти кории худро тавсеаи бештари ҳамкориҳои ду кишвар унвон кард ва гуфт: “Ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ҳамакунун низ идома дорад ва бисёре аз ширкатҳои эронӣ дар эҳдоси нерӯгоҳҳои энержӣ дар Тоҷикистон ҳузур доранд. Илова бар ин дар назар дорем равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар, ки таърихӣ аст, дар сатҳи шаъни ду кишвар иртиқо ёбад”.

Ин дипломати тоҷик бо ишора ба ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи гардишгарӣ изҳор дошт: Солҳои 2019 ва 2021 бо эъломи раисҷумҳури Тоҷикистон солҳои гардишгарӣ эълом шудаанд ва дар ин чорчӯб метавон бо ширкатҳои гардишгарии эронӣ равобити хубе дошт.

Зоҳидӣ дар бораи ихтилофоти ду кишвар дар ҳавзаи энержӣ низ гуфт, ҳалли ин мушкилот вобаста ба пардохти қарзҳои мо аст ва ҷадвали пардохти моҳона мавриди тавофуқ қарор гирифтааст.