Фуруши 80 дарсади саҳоми Тоҷиксодиротбонк ба арзиши 300 миллон доллар
(last modified Thu, 13 Jun 2019 05:11:19 GMT )
Июн 13, 2019 10:11 Asia/Dushanbe
  • Фуруши 80 дарсади саҳоми Тоҷиксодиротбонк ба арзиши 300 миллон доллар

80 дарсади саҳоми давлати Тоҷикистон дар Тоҷиксодиротбонк ба арзиши 300 миллон доллар ба фуруш гузошта шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, эъломи фуруши саҳоми ин бонк, ки дар солҳои ахир бо мушкилоти ҷиддӣ ру ба ру шуда дар пойгоҳи интернетии ширкати давлатии Тоҷикинвест вобаста ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон мунташир шудааст. Дар ин гузориш дар мавриди фуруши 80 дарсадии саҳоми Тоҷиксодиротбонк ба арзиши 300 миллон доллар суҳбат мешавад, ки бо ироаи кумаки молии 2 миллиард ва 250 миллион сомонии давлати Тоҷикистон ба ин бонк дар соли 2017 муртабит аст.

Бинобар омори Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 85.2 дарсад аз саҳоми Тоҷиксодиротбонк марбут ба Вазорати дороии ин кишвар мебошад. Бонки мазкур мутаъаҳид шуда буд, ки 5 дарсад аз маблағи дарёфтшударо то поёни ҳамон сол, 20 дарсади дигарро дар соли равон ва 25 дарсади дигарро дар солҳои оянда ба Вазорати дороии Тоҷикистон бозгардонад.

Ҳамзамон Тоҷиксодиротбонк мутаъаҳҳид шуда буд ин сармояи давлатиро бо сармоягузориҳои хориҷӣ ҷойгузин кунад, аммо тамоми талошҳои масъулини ин бонк дар заминаи ҷазби сармоягузориҳои хориҷӣ то ба ҳол бенатиҷа будааст.

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар соли гузашта дар мавриди бекор кардани иҷозатномаи Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк дар сурати адами беҳбуди вазъияти молии ин бонкҳо то поёни ҳамон сол хабар дода буд.

Тоҷиксодиротбонк ҳамроҳ бо бархе дигар аз бонкҳои Тоҷикистон дар соли 2016 бо мушкилоти ҷиддии молӣ ру ба ру шуд ва ба таври систематик тавони посухгӯӣ дар баробари таъаҳудоти худ нисбат ба сармоягузоронро аз даст дод.

Бинобар омори Бонки миллии Тоҷикистон дар аввалҳои соли равон қарзи ин бонк ба афроди ҳақиқӣ 504 миллион сомониро ташкил додааст.