ДИИШ – масъули ошӯби зиндони Ваҳдат
(last modified 2019-06-14T15:39:03+00:00 )
Июн 14, 2019 20:39 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ – масъули ошӯби зиндони Ваҳдат

Гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ масъулияти роҳандозии ошӯби ахир дар зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистонро пазируфт.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин хабарро чанд расонаи арабӣ ва англисӣ мунташир карда ва аз қавли ин гурӯҳ навиштаанд, ки вобастагони он даст ба чунин иқдоми хунин задаанд. Дар ин гузориш дар бораи абъоди ошӯб тавзеҳ дода нашудааст.

Дар ҳодисаи ошӯби шаби 19-уми майи имсол, тибқи иддаои мақомоти расмии Тоҷикистон, 32 нафар ба шумули се зиндонбон кушта шуданд. Манобеи расмии Тоҷикистон аъзои ДИИШ-ро тарроҳи ошӯб эълом карда буданд.

Гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар хостори таҳқиқ ва баррасии дақиқи моҷаро шудаанд.