Июн 15, 2019 09:18 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар 15 июни имсол

Мудирияти нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз баҳрабардорӣ аз ин тарҳ дар рӯзи 15 июни соли ҷорӣ хабар дод.

 Ба нақл аз сойти минтақаи озоди Иқтисоди  Данғара, акнун бо такмили сохти хатти 1 ҳазроу 500 метрии роҳи оҳан аз масири релии Бохтар ба Кулоб заминаи баҳрабардорӣ аз нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон фароҳам шуд.

Сохти нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон,ки аз соли 2015 оғоз шудааст,то ба ҳол чандбор ба далели мухталиф ба таъвиқ меафтад. Пеш аз ин мушкилоти молӣ ва ба мавқеъ пардохт нашудани ҳазинаи таҷҳизоти мавриди ниёз дар сохти ин полоишгоҳ, иллати ақиб афтодани замони баҳрабардорӣ аз марҳалаи нахусти ин марказ унвон мешавад. Аммо акнун барои интиқоли нафти хом ба ин полоишгоҳ бояд хати 1 ҳазору 500 метрии роҳи оҳан аз хатти аслии масири Бохтар - Кулоб сохта мешуд,ки ин тарҳ низ такмил гардид.

Бо ифтитоҳи марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, заминаи тасфияи 500 ҳазор тон нафт дар сол фароҳам хаҳад шуд ва бо такмили он Тоҷикистон метавонад солона як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад.

Тоҷикистон дар сол ба 1 миллион ва 600 ҳазор тон бензин ва салярка  ( ё карасин ) ниёз дорад,ки ба таври комил аз хориҷ ворид мешавад.

ширкати чиннии  TK- Oil  барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтисос додааст.

Барчасп