Июн 15, 2019 12:16 Asia/Dushanbe
  • Вурӯди Ҳасани Руҳонӣ ба Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон,ки барои ширкат ва суханронӣ дар панҷумин нишасти сарони Канфронси Таъомул ва иқдомоти эътимодсозӣ дар Осиё (СИКА) Қирғизистонро ба мақсади Тоҷикистон тарк карда буд, вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон шуд.

 Ҳасани Рӯҳонӣ дар дувввумин марҳала аз сафари худ ва ба даъвати Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои тоҷикистонии худ шаби ҷумъа воридди фурӯдгоҳи Душанбе шуд ва аз тарафи  Шукрҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси Тоҷикистон мавриди истиқбол қарор гирифт.

 Раиси ҷумҳурии исломии Эрон қарор аст имрӯз шанбе дар панҷумин нишасти сарони Канфронси Таъомул ва иқдомоти эътимодсозӣ дар Осиё ( СИКА) ширкат ва суханронӣ кунад.

Рӯҳонӣ пеш аз сафар  ба Тоҷикистон дар Иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай,ки дар Бишкек пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, суханронӣ ва мавозеъи расмии ҷумҳурии исломии Эрон ро дар бораи муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ баён кард.

Тарҳи эҷоди нишасти сарони Таъомул ва иқдомоти эътимодсозӣ дар Осиё ( СИКА) дар октиябри соли 1992 милодӣ аз тарафи Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳурии собиқи Қазоқистон ба манзури иртиқои равобити дуҷониба ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои осиёӣ бо ҳадафи эйҷоди субот ва барқарории амният дар минтақа матраҳ ва ин Созмон дар соли 1996 ба таври расмӣ ташкил шуд.

Дар ҳоли ҳозир СИКА 22 узв дорад ва дар баргирандаи 12 узви нозир муштамал бар Созмонҳои байналмиллалии ҳамчун Созмони Милаллӣ Мутаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Араб ва теъдоде аз кишварҳо аз ҷумла Малайзия, Энданезия , Ветнам , Ҷопон, Украина ва Амрико аст.

Эрон Қазоқистон, Афғонистон,Покистон, Кареяи ҷанубӣ ,Чин, Русия, Ҳинд,Фаластин, Муғулистон, Қирғизистон,Узбакистон, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбайҷон ва Тойланд аз ҷумлаи аъзои СИКА ҳастанд.

Барчасп