Июн 16, 2019 10:24 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ 3 банди баёнияи поёнии панҷумин нишасти МҲТБ дар Душанберо напазируфт

Намояндаи режими саҳюнистӣ 3 банди баёнияи поёнии панҷумин нишасти кишварҳои узви конфронси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанберо напазируфт.

Ба нақл аз Тоҷик-Та, намояндаи ин режим мухолифати худро бо бандҳои 17, 18 ва 19 баёнияи поёнии панҷумин нишасти кишварҳои узви конфронси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё эълом кардааст.

Гуфта мешавад ин 3 банд ба мавзӯъҳои ҳаққи фаластиниён барои доштани кишвари мустақил ба пойтахтии Байтулмуқаддас ва марзҳои ишғолии соли 1967, пойбандӣ ба барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ва тааҳуд ба созишномаи адами густариши силоҳҳои ҳастаӣ ва эъломи Ховари Минёа ба унвони минтақае ба дур аз таслиҳоти атомӣ ва куштори ҷамъӣ бар мегардад, ки намояндаи режими саҳюнистӣ бо пазириши ин маворид мухолифат кардааст.

Мақомоти кишварҳои ҳозир дар панҷумин нишасти кишварҳои узви конфронси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзи 15 июн дар Душанбе  пойтахти Тоҷикистон ба поён расид, бо интишори баёнияе эълом карданд ҷудоиталабӣ барои истиқлол, ягонагӣ, тамомияти арзӣ, амният ва суботи кишварҳо хатарнок аст ва кишварҳои узв қасд надоранд бо гуруҳҳои ҷудоиталаби дигар кишварҳо иртибот барқарор карда ё аз онҳо ҳимоят кунанд.

Сарони кишварҳои осиёӣ дар панҷумин нишасти кишварҳои узви конфронси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар баёнияе муштарак ба адами ҳимоят аз гуруҳҳои ҷудоиталаб, ҳаракатҳои ҷудоиталабона ва дахолат дар умури дохилӣ ва хориҷии дигар кишварҳо мутаъаҳид шуданд.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст ҳамчунин эълом карданд бо таҳримҳои якҷониба мухолиф ҳастанд ва аз усули дахолат дар умури дохилӣ ва хориҷии дигар кишварҳо ҳимоят мекунанд.

 

Барчасп