Коҳиши беш аз 5 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия
Бонки марказии Русия аз коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон таи се моҳи нахусти соли равон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл хабар дод.
Ба нақл аз сомонаи Бонки марказии Русия, таи се моҳи нахусти соли равон ин ашхос ба Тоҷикистон 462 миллион доллар ирсол кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 25 миллион доллар ё панҷу аз даҳ як дарсад коҳиш нишон медиҳад.
Гуфта мешавад, ки таи се моҳи нахусти соли 2018 коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишвари хеш 487 миллион доллар ирсол карда буданд.
Таи ин муддат коргарони муҳоҷири узбакистонӣ 818 миллион доллар ва қирғизҳо 453 миллион доллар ирсол кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш мутаносибан ҳафту аз даҳ се дарсад ва чаҳору аз даҳ се дарсад афзоиш нишон медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки дар соли 2018 коргарони муҳоҷири тоҷик аз тариқи шабакаҳои бонкӣ аз Русия ба кишварашон 2 миллиарду 553 миллион доллар ирсол карда буданд, ки дар муқоиса бо соли 2017 афзоиши 17 миллион доллариро нишон медод.
Акнун 90 дарсад даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон ба рубл мунтақил мешавад.
Бар асоси гузориши Вазорати корҳои дохилаи Русия дар ҳоли ҳозир наздик ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар бо иҷозатномаи расмӣ ба унвони коргари муҳоҷир фаолият мекунанд.