Июн 19, 2019 12:33 Asia/Dushanbe
  • Имтиёзҳои нави Тоҷикистон барои гардишгарони хориҷӣ

Ҳукумати Тоҷикистон имтиёзҳои наве барои сафари гардишгарони хориҷӣ ба ин кишвар ихтисос медиҳад.

Ба нақл аз Азия-Плюз, тибқи барномаи ҳукумати Тоҷикистон бо унвони стратегии рушди гардишгарии Тоҷикистон таи солҳои 2019 то 2030 қарор аст силсила иқдомоте дар ростои эътои имтиёзот ва тасҳили сафари гардишгарони хориҷӣ ба ин кишвар пиёда шавад. Аз ҷумлаи ин иқдомот тасреъ дар судури визаи гардишгарӣ, иртиқои сифати пазириш ва гусели гардишгарон ва осонгардонии судури иҷозатномаҳои қонунӣ барои фаолияти бахши хусусӣ дар риштаи туризм аст.

Ҳамзамон бо ин тадбирҳо барномаи таъсис ва сохти ҳотелҳо ва роҳҳои иртиботӣ дар минтақаҳои мавриди алоқаи гардишгарон низ дар ҳоли иҷро аст.

Тибқи омори Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон дар соли 2018 як миллиону яксаду панҷоҳу панҷ ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки ин омор нисбат ба соли 2017 бештар аз дувуним дарсад аст.