Шикояти кишоварзони Тоҷикистон аз гаронии фанновариҳои навин
(last modified Fri, 21 Jun 2019 15:47:40 GMT )
Июн 21, 2019 20:47 Asia/Dushanbe
  • Шикояти кишоварзони Тоҷикистон аз гаронии фанновариҳои навин

Бештари кишоварзони Тоҷикистон бо шикоят аз гаронии фанновариҳои навин мегӯянд, ба ин иллат тарҷеҳ медиҳанд кишоварзии суннатиро дунбол кунанд.

Ба гузориши “Азия плюс”, дар ҷараёни давраи омӯзишӣ барои кишоварзон ва боғдорони Тоҷикистон, намояндагони ин қишр гуфтанд, ки ҳарчанд аз мазоёи истифода аз фанновариҳои навин дар пешаи худ огоҳанд, аммо ба далели тангноҳои иқтисодӣ қодир ба харидорӣ ва баҳрабардорӣ аз онҳо нестанд.

Ин давраи омӯзишӣ бо ҳамкории Вазорати молияи Тоҷикистон ва Маркази минтақаии зистмуҳитии Осиёи Миёна тайи рӯзҳои гузашта баргузор шудааст.

Муслиҳиддин Ҳафизов, кишоварзи сокини шаҳристони Ҷалолиддини Балхӣ гуфтааст, ки аз заминҳои дар ихтиёраш буда умеди бардошти маҳсули хуб ва судури он ба Русияро дорад, аммо ба далели адами ҳимояти молӣ аз берун ва низ гаронии фанновариҳои ҷадид, маҷбур аст корро ба шакли суннатӣ пеш бибарад.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки бахши кишоварзӣ яке аз бахшҳои аслии таъминкунандаи хонаводаҳо бо маҳсулоти ниёзи аввалия аст.