Охирин Шоҳномахони тоҷик
Охирин наққоли “Шоҳнома” дар Тоҷикистон хотираи худро аз даст додааст. Ёрмуҳаммади Дод мутахаллис ба Ишқӣ аввалину охирин тоҷикест, ки умри худро сарфи шоҳномасароӣ кардааст.
Оқои Ишқӣ, ки феълан 83 сол дорад дар гушае аз шаҳри Ваҳдат дар бистари беморӣ ба сар мебарад. Ин овозхони замоне маҳбуб ин рузҳо хотирааш парешон шуда ва аёдаткунандагони худро низ дигар намешиносад.Ин пирамарди хушсимо зарфи ним соати аввал ҳеч ҳарфе нагуфт, гоҳҳо ба мо меҳмонони нохонда ва бештар ба сақфи хонааш нигоҳашро мутамаркиз карда буд. Дар ибтидо гумон кардем, ки аз ҳузури мо хушаш наёмада бошад аммо Султонмурод-фарзанди бузургаш ворид шуду гуфт, ки падараш дар ин авохир хотираашро аз даст дода ва ба ҷуз афроди наздик дигар касеро намешиносад.
Пас аз ним соати таваққуф Ёрмуҳаммади Ишқӣ аз шаклу симо ва дастгоҳи сабти садои мо чизеро ҳис кард, ки бидуни муқаддима шуруъ ба қироати абёте аз достони Рустаму Суҳроб кард.
Ёрмуҳаммади Ишқӣ аз маъдуд овозхононе аст, ки дар қатори наът ва сурудани қиссаҳои ишқиву ирфонӣ суннати хондани пораҳое аз достонҳои Шоҳномаро бо ғижжак дар миёни мардум роиҷ кардааст. Оқои Ишқӣ мегуфт, ки дар ибтидо мардум ба Шоҳнома таваҷҷуҳи зиёд надоштаанд аммо баъд аз шунидани достонҳои ин асари бузург аз забони вай майлу рағбаташон ба шунидани қиссаҳои паҳлавонӣ аз Шоҳнома афзойиш ёфтааст.
Ҷурабек Назрӣ-Раиси ганҷинаи осори хаттии академии улуми Тоҷикистон ва овозхонӣ маъруф мегуяд, ки дар солҳои 50-ум то 70-уми асри бист дар сурудани наъту муноҷот ва қиссаҳои ишқиву ирфонӣ ҳеч кас ба мартабаи Ёрмуҳаммади Ишқӣ намерасид ва оқои Ишқӣ дар миёни мардуми Дарвозу Қаротегин ва Ҳисор аз маҳбубияти болое бархурдор будааст.
Гуфтанист намунаи савтии Шоҳномахонӣ ва наъту муноҷоти Ёрмуҳаммади Ишқӣ дар фиттаҳои қадима дар манзилаш маҳфуз аст ва устод Ҷурабек Назрӣ қасд дорад барои ҳифзу нигаҳдории садои ин ҳунарманди асил фиттаҳои ӯро дар дастгоҳҳои мудерн сабту нигаҳдорӣ намояд.