Ибрози нигаронии Раҳмон аз оташ задани як кӯдаки шашсола дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 22 Jun 2019 15:48:59 GMT )
Июн 22, 2019 20:48 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Раҳмон аз оташ задани як кӯдаки шашсола дар Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз сӯзонда шудани як духтари шашсола дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Эмомалӣ Раҳмон аз сӯзондани Осия Зулфоноваи шашсола дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ кард ва вазири тандурустиро муваззаф ба муроқибат аз ин духтар кард.

Осия Зулфонова, ки рӯзи 19 –уми июн дар назди манзили бобояш дар ноҳияи Сино ба бозӣ машғул буд, ба дасти чанд нафар аз донишомӯзони ин ноҳия сӯзонда шуд.

Пизишкони дармонгоҳи шумораи 3 –и шаҳри Душанбе эълом карданд, 65 дарсади бадани Осия сӯхтааст.

Вазорати дохилии Тоҷикистон аз боздошти афроде, ки Осияро сӯзондаанд хабар додааст, аммо Бурҳон Зулфонов, бобои Осия дар гуфтугӯ бо сомонаи “Фараж” ба нақл аз ҳамсояҳояш гуфтааст, авомили ин ҷиноят баъд аз бозпурсӣ озод шудаанд.

Манобеи хабарии тоҷикӣ ва низ мақомоти расмӣ авомил ва ангезаи ин инсонсӯзиро эълом накардаанд.