Коҳиши вобастагии иқтисод ва системи молии Тоҷикистон ба хориҷ
Муовини вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон аз барномаҳо ва тадбирҳои тоза барои коҳиши вобастагии иқтисоди миллӣ ва системи молии ин кишвар ба хориҷ хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Завқӣ Завқизода муовини вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон дар мизи гирде бо унвони "таъмини суботи иқтисоди калони Тоҷикистон дар баробари таъсирҳои авомили хориҷӣ" ширкат ва суханронӣ кард. Вай хотирнишон кард, барномаи иқдомот дар ин замина дар 30 ноябри соли гузашта бо дастури давлати Тоҷикистон тасвиб шуд.
Завқизода афзуд, дар чорчуби иҷрои барномаи мазкур корҳои мушаххасе дар заминаи таъмини суботи иқтисодӣ, тарвиҷи сиёсати муассири молӣ, беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва тавсеаи тиҷорат ва таъмини фаолияти ширкатҳои давлатӣ сурат гирифтааст.
Тибқи суҳбатҳои вай ҳамчунин иқдомоте ҷиҳати коҳиши вобастагии иқтисоди миллӣ ва системи молии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ анҷом мегирад.
Барномаи иқдомот дар заминаи ҳамоҳангии иҷрои сиёсати иқтисоди калон ва пешгирӣ аз таъсири хатароти эҳтимолӣ бар иқтисоди миллӣ, ки дар аввали январи соли равон мавриди иҷро қарор гирифт барномаи мудирияти буҳронро, ки дар соли 2015 тавассути давлати ин кишвар тасвиб шуда буд, тағйир дод.