Бунбасти арзӣ барои воридкунандагони фаровардаҳои нафтӣ дар Тоҷикистон
Мушкили табдили арз, воридкунандагони маводи сузишвориро дар Тоҷикистон бо мушкилоти бузурге ру ба ру кардааст.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, воридкунандагони маводи сузишвории Тоҷикистон аз аввали имсол бо мушкили табдили арзи дохилӣ ба доллар ва рубл ру ба ру шуданд, ки ин мавзӯъ Душанберо дар остонаи буҳрони камбуди маводи сухтӣ қарор додааст.
Дар ҳисобҳои бонкии ширкатҳои воридкунандаи маводи сузишворӣ миллионҳо сомонӣ ҷамъ шуда, аммо онҳо наметавонанд ин маблағҳоро ба арзи русӣ ё рубл табдил ва маводи сузишворӣ ба Тоҷикистон ворид кунанд.
Бар асоси бархе иттилооти таиднашуда танҳо дар ҳисобҳои бонкии ширкати "Газ-Проми нафти Тоҷикистон", ки ҳудуди 55 дарсад маводи сузишвориро ба ин кишвар ворид мекунад беш аз 200 миллион сомонӣ муодили 1.5 миллиард рубли Русия ҷамъ шудааст.
Дигар ширкатҳои машғул ба воридоти маводи сузишвории Тоҷикистон низ бо мушкили табдили сомонӣ ба пули хориҷӣ дасту панҷа нарм мекунанд.
Воридкунандагони маводи сузишворӣ ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати ҳал нашудани мушкили бозори арз, воридоти фароварандаҳои нафтӣ ба ин кишвар метавонад ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёбад ё ҳатто ба таври комил мутаваққиф шавад.
Миёнгини тақозои моҳонаи Тоҷикистон ба маводи сузишворӣ беш аз 40 ҳазор тона аст, ки барои он беш аз 26 миллион доллар лозим аст, аммо бонкҳои ин кишвар фақат метавонанд 15 дарсади ниёзи ширкатҳои воридкунандаро таъмин кунанд.
Бино бар эъломи Бонки миллии Тоҷикистон камбуди арзи хориҷӣ дар ин кишвар бо таодули тиҷории манфӣ ва афзоиши давраии фаолиятҳои тавлидӣ ва тиҷорӣ дар фасли баҳор марбут аст.