Ифшои омодагӣ барои ошуб дар ду зиндони Тоҷикистон
(last modified 2019-06-26T04:12:18+00:00 )
Июн 26, 2019 09:12 Asia/Dushanbe
  • Ифшои омодагӣ барои ошуб дар ду зиндони Тоҷикистон

Манобеи хабарии ғайри расмӣ аз ҷараёни омодагӣ барои ошуб дар ду зиндони Тоҷикистон парда бардоштанд.

Ба нақл аз Ка-Нюз, ба дунболи вуқуи ошуб дар зиндони шаҳристони Ваҳдат ва бозрасиҳои анҷомшуда дар зиндонҳои саросари Тоҷикистон мушаххас шуд ҳаддиақал дар ду зиндони дигари ин кишвар омодагӣ барои ошуб вуҷуд доштааст.

Манобие дар Созмони зиндонҳои Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани ҳувияташон ба радиои Озодӣ гуфтаанд, ки гуруҳҳое аз зиндониён қасди барпоии ошуб дар зиндонҳои рақамҳои 1 ва 7 воқеъ дар шаҳри Душанбе пойтахти  Тоҷикистонро доштаанд.

Гуфта мешавад дар ростои пешгирӣ аз ин ошубҳо беш аз 20 нафар аз зиндониён ба унвони тарроҳони ошубҳо шиносоӣ ва ба селулҳои якнафара мунтақил шудаанд.

Таи камтар аз як соли гузашта дар ду зиндони рақами 3 дар шаҳри Хуҷанд ва шаҳристони Ваҳдат, ошубҳои хунине рух дод, ки даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

Масъулияти ҳар дуи ин ошубҳоро гуруҳи такфирӣ ва террористии ДИИШ баръуҳда гирифт.