Июн 28, 2019 21:30 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари Беларус

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон,ки дирӯз барои анҷоми сафари расмӣ вориди Минск пойтахти Беларусия шуд, имрӯз бо раиси ҷумҳурии ин кишвар дидор кард.

Хабаргузории давлатии Беларусия    навишт Александр Лукашенко дар ин дидор гуфт,ки Беларус дар назар дорад нишасти муштараки раисони ҷумҳурии Русия , Тоҷикистон ва Беларусия ро баргузор кунад.

Дар бораи замон ва мавзуъоти мавриди назар дар дидори ояндаи Путин, Раҳмон ва Лукашенко тавзеҳот дода нашудааст.

Раиси ҷумҳурии Беларусия аз коҳиши мизони мубодилоти тиҷорӣ бо тоҷикистон ибрози норизоятӣ карда ва дар ҳамин ҳол гуфтааст;,яке аз ҳадафҳои сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ҳаллу фасли ин костӣ аст.

Соли гузашта куллӣ мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Беларусия 37 миллион доллар баровард шудааст,ки нисбат ба соли қабл 13 дар сад коҳишро нишон медиҳад.

Барчасп