Афзоиши дубаробарии муаллимони рус дар мактабҳои Тоҷикистон
Вазорати омӯзиши Русия барномаи ҷазби муаллим барои тадрис дар мактабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро оғоз кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, агарчӣ ин тарҳ дар Тоҷикистон аз соли 2017 амалӣ шудааст, аммо шумори муаллимони рус дар соли таҳсилии ҷадид дар ин кишвар ҳудуди ду баробар афзоиш меёбад.
Бар ин асос, дар фасли омӯзишии ҷадид Тоҷикистон дар макотиби худ аз ҳудуди 50 муаллими рус барои тадриси дарсҳое монанди забони русӣ, адабиёти русӣ, физика, риёзӣ, химия, биология ва фанноварии иттилоот баҳра мегирад.
Дар соли 2017- 2018 дар мактвбҳои Тоҷикистон 29 муаллими рус ҳузур доштанд.
Аммо ин тарҳ дар Қирғизистон имсол барои аввалин бор иҷро мешавад.
Русия бо иҷрои ин тарҳ яке аз аҳдофи роҳбурдии худ, яъне ҳифзи ҷойгоҳи забони русӣ дар Осиёи Марказиро пайгирӣ мекунад.
Омӯзиши забони русӣ барои мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таваҷҷуҳ ба раванди муҳоҷирати корӣ ба Русия муфид аст.