Июн 29, 2019 19:20 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Беларус санади ҳамкории стратегӣ имзо карданд

Музокироти раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус бо имзои теъдоде санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба поён расид.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар поёни музокироти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус дар Минск қарордоди мушорикати роҳбурдӣ ё стратегӣ миёни ду кишвар имзо шуд.

Ҳамчунин дар заминаи ҳамкорӣ байни додситониҳои кул ва кумитаҳои бозрасии ду кишвар, вазорат фарҳанг ва вазорати мухобирот, кишоварзӣ, омӯзиш ва парвариш, ожонси хадамоти давлатии Тоҷикистон ва Академияи мудирияти ҷумҳурии Беларус, утоқҳои саноеъ, ниҳодҳои варзишӣ ва бонкҳои “Амонатбонк” ва “Беларусбонк” тавофуқоте ба имзо расид.

Пас аз имзои ин аснод Лукашенко бо баёни ин ки Минск ва Душанбе ба таври суннатӣ аз якдигар дар майдонҳои байналмилалӣ ҳимоят мекунанд, ибрози итминон кард, ки ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Мубодилаи тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус соли гузашта 37.4 миллион доллар буд.

 Ба таври умда, аз Беларус ба Тоҷикистон трактор, шакар, фарш ва яхдон ворид ва аз Тоҷикистон ба ин кишвар, меваҳои тоза, нахи пахта, порчаҳои насоҷӣ ва ... содир мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар қолаби як сафари расмӣ ба Беларус рафтааст, имрӯз дар маросими поёнии дувумин давраи бозиҳои аврупоӣ ширкат мекунад.

 

Барчасп