Нишасти Созмони Миллал дар бораи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар иҷлосияаш вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон баррасӣ кард.
Ба нақл аз Ахбор, дар ин нишаст ҳайъати Тоҷикистон ба раҳбарии додситони кулл Юсуф Раҳмон ба интиқодҳои намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои узви Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Миллал посух дод ва бештари ин интиқодҳоро рад кард.
Пайгард ва шиканҷаи мухолифон ва зиндониён аз ҷумла Муҳаммадалии Ҳайит муовини ҳабси абадшудаи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ ва Зайд Саидов сиёсатмадор ва тоҷири зиндонӣ, саркуби бераҳмонаи ошубҳо дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат, равоҷи хушунатҳои хонаводагӣ ва маҳдудиятҳои динӣ ба вижа дар заминаи ҳиҷоби бонвони мусалмон ва равоҷи чандҳамсарӣ дра Тоҷикистон аз мавзӯоте буд, ки дар ин нишаст матраҳ шуд.
Ихроҷи намояндагони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аз маҳалли Иҷлоси Созмони Миллал ба дархости намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башарии Тоҷикистон аз ҳошияҳои ҷолиби ин нишаст буд.
Пеш аз ин ҷаласа шуморе аз мухолифон аз ҷумла Ҷамшед Ёров бародари вакил мудофеи зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров иттиҳомотеро алайҳи ҳукумати Тоҷикистон матарҳ карда буданд.