Судури ҳукми Бузургмеҳр Еров ва Нуриддин Маҳкамов то поёни ҳафта
(last modified 2016-09-21T06:28:00+00:00 )
Сентябр 21, 2016 11:28 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми Бузургмеҳр Еров ва Нуриддин Маҳкамов то поёни ҳафта

Додгоҳи шаҳри Душанбе ба эҳтимоли зиёд то охири ҳафта ҳукми маҳкумияти Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, вакилони мудофеи боздоштшудаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистонро эълом мекунад.

Ба иттилои сайти Toptj, Рустам Тақдирзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон барои бузургмеҳр ёров 25 сол ва барои Нуриддин Маҳкамов 23 сол зиндон ба ҳамроҳи мусодираи амволи ононро дархост кардааст.  

Вай иттиҳоми ин ду вакили мудофеъро ифротигарӣ, барангехтани ихтилофоти миллӣ ва динӣ, тавҳин ба раисҷумҳур ва даъват ба барандозии низоми сиёсии ин кишвар унвон карда ва муддаӣ шудааст, ки иттиҳомоти онон ба исбот расидааст .

Ин дар ҳолест, ки Муаззам Қодирова, вакили мудофеи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов бо радди ин иттиҳомот гуфтааст, ки раванди такмили парвандаи онон бо нақзи қавонини ҳуқуқии Тоҷикистон ҳамроҳ будааст.  

Қодирова таъкид кард, ки чигуна мешавад, ки ду вакили мудофеи саршиноси ин кишварро ба ифротигарӣ муттаҳам кард дар ҳоле, ки ин ду нафар дар мақолоти худ дар матбуоти Тоҷикистон барқарории адолати иҷтимоӣ дар ин ҷумҳуриро хостор шудаанд.

Бузургмеҳр Ёров, авохири сентябри соли 2015 ва пас аз онки Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро таъсис кард, ба иттиҳоми қаллобӣ аз сӯи Вазорати кишвари Тоҷикистон боздошт ва барои ӯ парванда ташкил шуд.  

Дар паи боздошти Ёров, Нуриддин Маҳкамов ваколати вайро бар уҳда гирифт, аммо ӯ низ пас аз чанде ба иттиҳомоти мушобеҳ боздошт шуд .

Ин ду нафар токунун ҳеч як аз ин иттиҳомотро напазируфта ва далели боздошти худро сиёсӣ эълом кардаанд.  

Созмон‌ҳоӣ ҳуқуқи башарии байналмилалӣ борҳо аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ва низ вакилони зиндонии онон Шуҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Дилбар Додоҷоноваро озод кунанд .

Гуфта мешавад, ки Фахриддин Зокиров ахиран бар асоси қонуни афви умумӣ аз зиндон озод шудааст.