Июл 10, 2019 14:26 Asia/Dushanbe
  • Қатли шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав

Як шаҳрванди тоҷик дар шаҳри Маскав пойтахти Русия кушта шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин хабарро хонум Шаҳло Наҷмуддинова рӯзноманигори тоҷик дар Фейсбук мунташир карда ва аз қавли Иззат Амон мудофеи маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирини Осиёи Миёна дар Русия оварда, ки шаҳрванди Тоҷикистон Нуруллоҳ Мирзоеви 35 сола дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав ба дасти як фарди доғистонӣ ба қатл расидааст.

Гуфта мешавад қотил бо чоқу ба қисмати қалби Мирзоев зарба ворид кардааст. Иллати ин куштор ҳануз  мушаххас нашудааст.

Аз ин муҳоҷири нокоми тоҷик, ки зодаи рустои Бакарони  шаҳристони Ваҳдат дар маркази Тоҷикистон буд ҳамсар ва 3 фарзанди ятим бар ҷой мондааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳануз дар бораи куштори ёдшуда тавзеҳоте надодааст.

Дар тули солҳои пас аз истиқлоли Тоҷикистон, ки раванди муҳоҷирати шаҳрвандони ин кишвар ба Русия ҷанбаи умумӣ ва фарогир касб кард чандин ҳазор нафар аз ин қишр ба дасти намояндагони ақвоми дигари сокин дар Русия кушта шуданд.

Пурсару садотарини ин қатлҳо марбут ба Хуршеда Султоноваи 9 сола, Бахтиёр Расулови 31 сола ва Ҳувайдо Тиллозодаи 5 сола буд.

 

Барчасп