Июл 12, 2019 20:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳмон бар авлавияти робитаҳо бо Қазоқистон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон равобит бо Қазоқистон ро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии ин кишвар донист.

Ба нақл аз хабаргузории Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар дидори Аскар Мумин Нахуствазири Қазоқистон бар густариши робитаҳои Душанбе бо Нурсултон таъкид кард ва тавсиъаи робитаҳои иқтисодии дуҷонибаро хостор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин омодагии Душанбе ро барои фароҳам кардани шароити фаъолияти сармоягузорони қазоқ дар Тоҷикистон эълом кард.

Тарафҳо бо ибрози ризоят аз муъомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон, фаъолияти камисиюни муштараки тиҷории ду кишвар ро дар тавсиъаи ҳамкориҳои муфид ва муасир арзёбӣ карданд.

Дар сафари Аскар Мумин Нахуствазири Қазоқистон ба Душанбе , миёни мақомоти ду кишвар ҳафт санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Барчасп