Июл 13, 2019 21:12 Asia/Dushanbe

Филме дар фазои маҷозӣ мунташир шудааст, ки дар он зане, ки ба зоҳир намояндаи ниҳодҳои давлатӣ аст, занонро ба иддаои “дастури ҷаноби олӣ” аз пӯшиши исломӣ манъ мекунад.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, ин видеоро Салмон Холиқов, муҷрии барномаи интернетии “Садои мардум” мунташир кардааст.

Дар ин видео, ки гуфта мешавад дар шаҳри Ваҳдат, дар 20 километрии пойтахти Тоҷикистон тасвирбардорӣ шуда, зане, ки зоҳиран полис аст дар хиёбон бонувони бо ҳиҷобро маҷбур ба тарки пӯшиши ҳиҷоби исломӣ мекунад.

Ин зан бо лаҳне тунд дар посух ба пурсиши тасвирбардор дар бораи иллати манъи ҳиҷоби исломӣ иддао кард, ки мамнуияти ҳиҷоб дастури “ҷаноби олӣ”, яъне раисҷумҳури Тоҷикистон аст ва мо ба вазифаамон амал мекунем.

Ӯ муддаӣ шуд, ки ҳиҷоби исломӣ бо фарҳанги мардуми тоҷик бегона аст.

Иддаои ин полис дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон қонуне дар бораи манъи пӯшиши ҳиҷоб тасвиб нашудааст.

Бо ин ҳол дар бештари маворид мухолифони ҳиҷоб банди Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар бораи пӯшиши миллиро ба унвони тавҷеҳи қонунии манъи ҳиҷоб зикр карда ва рафтори хашину иҷбории худро қонунӣ қаламдод мекунанд.

 

 

Барчасп